Тоҷикистон ва Швейтсария тақвияти ҳамкории байнибонкиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Вашингтон идома дорад, 11 апрел Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот ва масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнибонкиро баррасӣ намуданд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Швейтсария дар соҳаи бонкдорӣ, аз қабили расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Томас Йорданро ба иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ташкилоти қарзии мамлакат ва кушодани филиалу намояндагиҳои бонкҳои Швейтсария дар қаламравиТоҷикистон ҷалб намуд.
Таъкид шуд, ки новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон рушди нишондиҳандаҳои фаъолияти низоми бонкӣ тамоюли мусбат дошта, дар семоҳаи якуми соли 2023 дороиҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 25,9 фоиз ва 24,7 фоиз зиёд мебошад. Ба санаи 31 марти соли 2023 дар Тоҷикистон 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк ва 49 ташкилоти маблағгузории хурд амал мекунад.


Ҳамзамон давоми солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария кумакҳои техникӣ ва машваратҳои методӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд.
Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати ниҳоди муҳим дар баробари дигар самтҳо ба идоракунии хавфҳои амалиётӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар ин самт ба стандартҳои муосир ва таҷрибаи бонкҳои марказии пешқадам такя менамояд. Азбаски Бонки миллии Швейтсария дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, бинобар ин омӯхтани таҷрибаи ин бонк барои Бонки миллии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.
Дар назар аст, ки зимни ҳамкорӣ ба масъалаҳои таҳияи нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ, истифодаи ченаки арзиш дар хавф (VAR) дар раванди идоракунии хавфи амалиётӣ, идорасозии мунтазамии фаъолият, идорасозии хавфи тарафҳои сеюм, хавфҳои киберамният, хавфҳои қаллобӣ, гузаронидани фишор, санҷиши хавфҳои амалиётӣ, баҳодиҳии раванди идоракунии хавфи амалиётӣ аз ҷониби аудити дохилӣ ва ғайра таваҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Инчунин мусоҳибон оид ба масъалаи ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон табодули назар намуданд. Таъкид шуд, ки раванди мазкур барои ба роҳ мондани азнавбаҳодиҳии хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтарсозии фаъолияти низоми бонкӣ ва роҳу воситаҳои нави рушди минбаъда имкон фароҳам меорад. Вобаста ба ин аз нав барқарор кардани равобити мустақими муросилотӣ бо бонкҳои аврупоӣ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Томас Йордан оид ба ҳамкории техникӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо омодагии хешро баён намуда, гуфт, ки Бонки миллии Швейтсария омода аст давоми соли равон барои баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар бахшҳои муҳим, аз қабили сиёсати пулию қарзӣ, ҳисобдорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки низоми бонкӣ машварат ва давраҳои омӯзишӣ доир намояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






