«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявӣ тағйир ворид гардид

Апрель 24, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии ба номи М.Олимов» ва Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд бо кормандон ва масъулони раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҳамоиши омӯзишӣ доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи корӣ  бо мақсади гузаронидани ҳамоиши омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба озмуни мазкур ва шиносоӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ба вилояти Суғд сафар намуд.

Бояд гуфт, ки ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки  тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ба тасвиб расид, тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот аз ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур иборат мебошад. Тибқи он имсол дар озмун на танҳо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони дорои қобилияти баланди эҷодӣ, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.

Таҳти назорати қатъии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ин озмун ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, ба ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид