Вакили Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бо реҷаи фосилавӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод дар кори конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор ва Конститутсия: таҷрибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Комиссияи конститутсионӣ оид ба ташаккули пешниҳодҳо ва татбиқи чораҳои ташкилӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар якҷоягӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин давлат гузаронида шуд.
Дар кори конфронс намояндагони корпуси дипломатӣ, коршиносон ва таҳлилгарон низ иштирок намуданд.
Тавре ки баромадкунандагон изҳор доштанд, мақсад ва вазифаҳои асосии конфронси байналмилалӣ таҳлили муқоисавии инъикоси Ҳадафҳои Рушди Устувор дар конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳияи пешниҳоду тавсияҳои дахлдор барои истифода дар ислоҳоти конститутсия дар Узбекистон мебошад.
Баромадкунандагон ҳамчунин роҷеъ ба таъмини ҳамкории самараноки ташкилоти ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди устувор ва мусоидат ба шиносоии кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ислоҳоти конститутсионӣ дар Узбекистон, омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии дар пешистодаи Узбекистон ибрози назар намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






