Вакилони Парлумон масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо баррасӣ карданд

Апрель 1, 2023 15:55

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 март  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи   таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир гардида, дар он  вакилон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода  иброз намуд, ки кафолат ва вазъи иқтисодии давлат аз истеҳсолоти дохиливу бехатарии озуқаворӣ  вобастагии калон дошта,  он ба ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омили аввалиндараҷа, ки ба саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ таъсир мерасонад, ғизо мебошад. Ҳоло вайроншавии мубодилаи ғизо, аз ҷумла норасоии он, нокифоягии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан ва фарбеҳӣ, инчунин бемориҳои ғайрисироятии (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон)  бо ғизои носолими асоснокшуда боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ барои аҳолии давлатҳои алоҳида  гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки вазъи мураккаби  ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки мамлакатҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Қонунгузории мамлакат заминаи устувореро ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ, яъне  таъмини амнияти озуқаворӣ, тамоми имкониятро  фаро оварда, мақомоту идораҳои дахлдор бояд татбиқи онҳоро самаранок иҷро намоянд.

Бештар аз даҳ сол аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» амал намуда, сиёсати давлатро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, чун қисми ҷудонашавандаи сиёсати амниятии давлат тибқи талабот ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» соли 2019 қабул гардид. Моҳи декабри соли 2021 дар асоси тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу хуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи хуқуқи  истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»,   ки 28 майи соли 2021 баргузор гардида буд,  ба Қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Қонуни болозикр  муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию хуқуқии пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян мекунад.

Бо мушкилоти ғизои носолим дар ин ё он шакл  – ғизои нокифоя, норасоии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан (фарбехӣ) – амалан тамоми мамолики дунё рӯ ба рӯ мешаванд, гоҳо падидаҳои гуногуни он дар доираи як мамлакат, дар худи ҳамон як ҷамоат ва ҳатто дар худи ҳамон як одам  дучор мегардад. Нисбатан бештар аз норасоии ғизо духтарони синни наврасӣ, ҳомиладорон ва занони ширмак, кӯдакони хурдсол, сокинони камбизоати шаҳру деҳот ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ  азият мекашанд. Махсусан дар оғози ҳаёт – дар давраи аз батни модар то дусолагӣ  истеъмоли ғизои камсифат оқибатҳои амиқ, бозгаштнопазир ва якумраро доро мебошад. Истеъмоли ғизои камсифат дар ин давраи муҳимтарини ҳаёт боиси хатари баланди сироят, вайроншавии саломатӣ ва дар ниҳояти кор  боиси фавти кӯдакони хурдсол мегардад.

Ҳамчунин, дар назди иштирокчиёни ҳамоиш намояндагони сохторҳои марбута  гузориши  муфассал доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2023 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид