ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. Иттиҳоди Аврупо ба деҳконон дастрасии ройгон ба об медиҳад

Апрель 13, 2023 14:25

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER-и Иттиҳоди Аврупо аз созмони ҷамъиятии «Зан ва Ҷомеа» дар кандани чоҳ ва харидани таҷҳизоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Исфара дастгирӣ намуд.

Сокинони деҳаи Кони Намаки ноҳияи Ашт солҳои тӯлонӣ бо камбуди оби ошомиданӣ ва обёрӣ рӯбарӯ ҳастанд. Оби ин ҷо дар чуқурии 180—200 метр ҷойгир ва одатан шӯр аст. Чор гурӯҳи истеҳсолӣ, ки 70 деҳқонро дар бар мегирад, барои обёрӣ ва нӯшокӣ аз чоҳе, ки дар деҳаи Бахмали боло, 7 километр шимолтар аз деҳа воқеъ аст, об мехаранд. Аъзои гурӯҳи истеҳсолӣ 25 гектар боғ доранд, вале давоми чор соли хушксолӣ қариб 20 гектар зардолу нобуд шуда, танҳо 5 гектари он боқӣ мондааст, ки ҳоло ҳосил медиҳад.

«Парма кардани чоҳ дар ҳақиқат барои барқарор намудани боғҳои мо ёрии назаррас аст. Деҳқонон ва оилаҳои онҳо акнун ба оби нӯшокӣ низ дастрасӣ доранд. Ман аз номи тамоми аъзои гурӯҳҳои истеҳсолӣ ба лоиҳаи IRDP/TRIGGER ва Созмони ҷамъияти «Зан ва Ҷомеа» изҳори сипос мекунам», — гуфт Меҳрон Абдувалиев.

Барои кумак ба деҳқонон дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот /TRIGGER чоҳ парма карда шуд. Деҳқонон ба оби нӯшокӣ ва обёрӣ дастрасии кушод пайдо карданд. Дар маросими ифтитоҳ ва супоридани чоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, Агропром ва Раёсати экологияи ноҳияи Ашт, СҶ «Зан ва Ҷомеа», роҳбарону намояндагони гурӯҳи истеҳсолӣ ва кормандони намояндагии GIZ дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Деҳқонон бо чоҳи худашон метавонанд ба таъсири тағйирёбии иқлим беҳтар тоб оваранд, 25 гектар боғи зардолуро барқарор карда, дар ин роҳ экосистемаи маҳаллии ин минтақаи бе ин ҳам хушку шӯрро зиёд кунанд. Ғайр аз ин иқтидори насос имкон медиҳад, ки 20 гектар қитъаҳои ҳамсоя обёрӣ карда, фоидаи иловагӣ ба даст ояд. Аъзои гурӯҳи истеҳсолӣ бо роҳи аз нав барқарор намудани боғҳо ва рӯёндани ҳосили хуб имконият пайдо мекунанд, ки содироти маҳсулотро зиёд карда, шароити иқтисодию иҷтимоии худро беҳтар намоянд.

Илова бар ин, лоиҳа хариди тракторро дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ашт барои дастгирии се гурӯҳи истеҳсолӣ (238 деҳқон) амалӣ намуд. Трактори бисёрвазифавиро на танҳо барои коркарди механиконидаи замин истифода мебаранд, балки он барои пошидани дору ба дарахтон ба сифати эвакуатор ва аз боғ ба майдони коркард кашондани зардолуи ҳосилшуда низ истифода мешавад. Баъди харидани трактор се ҷои кор: тракторчӣ ва машинистҳои дорупошӣ ба вуҷуд омад.

Аз сабаби дар боғҳо захира кардани миқдори зиёди ҳезум деҳқонон ба вайрон кардани чӯбу тахта ва муҳайё кардани муҳити ҳашароти зараррасон (асосан ҳашарот) дучор мешаванд. Резакунандаи чӯб, ки барои панҷ гурӯҳи истеҳсолӣ (90 деҳқон)-и деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт харида шудааст, на танҳо барои рафъи мушкилоти дар боло гуфта, балки реза кардани шохаҳо, баргҳо ва алафҳои бегона, ки аз онҳо поруи дарахтон тайёр карда мешавад, мусоидат мекунад.

Объектҳои туҳфашуда ба деҳқонон ёрӣ мерасонанд, ки солҳои наздик ҳосилро афзун намуда, даромади худро аз ҳисоби зиёд кардани фурӯши маҳсулот зиёд намоянд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат
Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.

АКС: Иттиҳоди Аврупо

Апрель 13, 2023 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад