ВАТАНДӮСТӢ АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
КӮЛОБ, 16.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки донишмандони ҷумҳурӣ конфронси ҳизбӣ таҳти унвони «Ватандӯстӣ аз оила сарчашма мегирад» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар конфронс роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, роҳбарияти донишгоҳ, кормандони масъули ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза ҳар яки моро мебояд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, илму фарҳанг, техника ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем ва бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем. Ҳамеша шукри истиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.
Тазаккур дода шуд, ки тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аз оила сарчашма мегирад ва он метавонад идомадиҳандаи рӯзгори осоишта бошад. Азбаски дар аксар маврид душманони миллат паҳлӯи заифи ҳар як дастоварди моро меҷӯянд, фаъолони ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҲХДТ-ро мебояд, ки беш аз пеш фаъол бошанд, ба ҳар як сангафкании иғвоангезон вокуниши сареъ ва сазовор нишон дода, ҳамрадиф, тараққиёти мамлакатро боз ҳам возеҳтар муррифӣ кунанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор ҷавонони шуҷоъву ватандӯст Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанвӣ тақдим карда шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






