Вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҷараёни кишти баҳорӣ дар шаҳри Истаравшан шинос шуд

Апрель 10, 2023 11:49

СУҒД, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва роҳбарият вилояти Суғд  бо ҷараёни кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва захираи об дар обанбори «Зарринруд»-и шаҳри Истаравшан шинос шуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд. 

Ҳайати мазкур  нахуст аз заминҳои хоҷагии деҳоти «Пошкент» дидан намуда, барои самаранок истифода бурдани замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти картошка дар байни қатори дарахтон ва гирифтани 3-4 ҳосил изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимни боздид аз обанбори «Зарринруд»-и шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар обанбор зиёда аз 22 млн метри мукааб захираи об мавҷуд буда, дар ин давра зиёда аз 3 млн метри мураббаъ об барои мондани яхоб ба хоҷагиҳо дастрас карда шуд.

Тавсия дода шуд, ки барои самаранок истифода бурдани об, ҳарчи бештар захира кардани он ва тибқи меъёр ба хоҷагиҳо дастрас намудан тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар деҳоти «Нофароҷ» Вазири кишоварзӣ ва ҳайати ҳамроҳ бо ҷараёни бунёди боғи интенсивӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ҳаким-шер» бо кандани чоҳи амудӣ соли равон зиёда аз 7 га замини чарогоҳи талу теппаро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, барои бунёди боғи себу чормағз ниҳолҳои интенсивӣ дастрас кардааст. Алҳол дар ҳудуди зиёда аз 5 га боғ бунёд гардида, шинонидани ниҳолҳо идома дорад. Роҳбари хоҷагӣ гуфт, ки баъди анҷоми шинонидани ниҳолҳо дар байни қаторҳои ниҳол картошка кишт менамояд.

Вазири кишоварзӣ зимни суҳбат бо кишоварзон ва масъулини соҳа барои истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замин тавсия дод.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Апрель 10, 2023 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд