Вобаста ба нақши занон дар хизмати давлатӣ барои хизматчиёни давлатии Суди конститутсионӣ омӯзиши идоравӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии барои хизматчиёни давлатии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба омӯзиши масъалаҳои баробарии гендерӣ ва нақши занон дар хизмати давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз 18 ҳазору 549 хизматчии давлатӣ 4 ҳазору 503 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил дода шуда, марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини иштироки занон дар хизмати давлатӣ, ҳавасмандиҳо дар хизмати давлатӣ, имконияти омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар низоми идоракунии давлатӣ, такмили дониш, қобилият, истеъдод ва малакаҳои касбии занон-хизматчиёни давлатӣ ва ғайра бо рӯнамо дар байни хизматчиёни давлатии Суди конститутсионӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Иброз гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона






