Зарбаи барқ дар рӯи Замин маъдани номаълумро ба вуҷуд овард

Апрель 16, 2023 09:42

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намуди нави минерал пас аз ворид шудани барқ ба дарахт дар иёлати Флоридаи ИМА ба вуҷуд омадааст, иттилоъ медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ.

Зарбаҳои барқҳои шадид метавонанд сангҳои кӯҳӣ, аз ҷумла кремний, рег ё квартсро, ки асоси онҳоро диоксиди кремний ташкил медиҳад, об кунанд. Дар натиҷа минералҳое, ба монанди фулгуритҳо ба вуҷуд меоянд. Пас аз омӯзиши яке аз чунин фулгурит олимони амрикоӣ намуди комилан нави минералҳои дар рӯи Замин номаълумро кашф карданд, менависад «New Atlas».

Ҳангоми тӯфони шадид барқ ба дарахти яке аз шаҳракҳои иёлати Флоридаи ШМА бархӯрд, ки дар натиҷаи ин зарба хок ва қум дар атрофи дарахт фавран об шуда, фулгурит ба вуҷуд омад. Сокинони маҳаллӣ ин маъданро барои таҳқиқ ба олимони Донишгоҳи Флоридаи Ҷанубӣ фурӯхтанд, иттилоъ медиҳад АЗЕРТАҶ.

Ба гуфтаи Мэтю Пасек аз Донишгоҳи Флоридаи Ҷанубӣ, олимон тавонистанд шакли нави ғайриодии фосфати калтсийро, ки кристаллҳо мебошанд, кашф кунанд. Ба гуфтаи олимон, маъданҳои шабеҳро дар кайҳон, аз ҷумла дар метеоритҳо пайдо кардан мумкин аст, аммо то ҳол далели мавҷудияти ин кристаллҳо дар рӯи Замин вуҷуд надорад.

Олимони амрикоӣ мехоҳанд омӯзиши минерали навро идома диҳанд, то дақиқ бигӯянд, ки он минерали комилан нав ва ё номаълум аст. Ин барои расман эълон кардани кашфиёт зарур мебошад.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2023 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад