Зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии вилояти Суғд тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо оби полезӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тавре гуфта шуд, бо мақсади фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ҳамасола бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастгоҳу таҷҳизоти нави обкашӣ харидорӣ ва васлу насб карда мешавад. Бо амалӣ намудани чунин тадбирҳо кори шабакаҳои обрасон беҳтар ва норасоии оби полезӣ бартарф мегардад. Аз ҷумла соли равон ҷиҳати харидории дастгоҳу таҷҳизоти нав барои пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ аз њисоби буҷети вилоят наздики 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Ҳамзамон соли равон ҷиҳати харидорӣ намудани як дастгоҳи обкашии 52В-11 бо муҳаррики барқияш барои пойгоҳи обкашии “Мирзоҷӯл-2”-и ноҳияи Зафаробод аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 10 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дастгоҳи обкашии калонҳаҷм охири моҳи феврали соли равон ба пойгоҳи обкашии “Мирзоҷӯл-2” дастрас карда шуд.
Таъкид гардид, ки имсол бо дархости кишоварзон пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар даҳаи сеюми моҳи март ва аввали моҳи апрел ба кор дароварда шуданд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки кишоварзон кишти зироати баҳориро саривақт ба анҷом расонида, аз норасоии оби полезӣ танқисӣ накашанд.
Дар вилояти Суғд дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла дар мавсими имсола ҳолати мелиоративии 1 ҳазору 437 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар карда шудааст, ки 27 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид






