35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ҳисор сохтмони бинои истиқоматии 16-қабата оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ роҳбарияти шаҳри Ҳисор иштирок намуда, бо лоиҳаи бинои бисёрошёна шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 168 хонаи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаи якуму дуюм марказҳои савдою хизматрасонӣ бо назардошти даҳҳо ҷойи кори доимӣ ҷойгир карда мешавад. Ҳар ошёна аз 8 хонаи дуҳуҷрагӣ ва чор якҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, фармоишгар ва пудратчии асосии иншоот ҶДММ «Муродалӣ» мебошад. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 20 шаҳрванд бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардидааст.
Бино аз ду даромадгоҳ бо чор лифти доимамалкунанда, ки дар ҳолати набудани барқ низ ба таври худкор (автоматикӣ) фаъол мебошанд, иборат буда, бо истифода аз чоҳи амудии худӣ ба таври шабонарӯзӣ бо об таъмин мегардад. Инчунин истиқоматкунандагони бино метавонанд аз интернети баландсуръати доимӣ бемамониат истифода намоянд. Дар таҳхона ва назди бино барои мошинҳо бунёди истгоҳ ва таваққуфгоҳ дар назар дошта шудааст.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо сохтмончиён иброз дошт, ки иншоот дар кӯчаи асосии шаҳр бунёд меёбад, бинобар ин дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ба намои зоҳирӣ ва сифати маҳсулоти истифодашаванда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Тасмим гирифта шудааст, ки иншооти мазкур соли 2026- дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд






