5-6 май дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5-6 май бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад), дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётгард худдорӣ намуда, ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






