Агентии содироти Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Қазоқистон байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, инчунин ташкил намудани корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва басту банди он барои содироти кафолатноки минбаъда ба Қазоқистон ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва муовини Сарвазир-Вазири савдо ва ҳамгиро Қазоқистон Серик Жумангарин ба имзо расонида шуд.
Инчунин 3 май дар Қазоқистон дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Маркази рушди сиёсати савдои «QazTrade» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Директори генералии Ҷамъияти саҳомии «QazTrade» Нуралӣ Букейхонов ба имзо расид.
Ҳамчунин дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода суханронӣ карда, ҷиҳати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, инчунин ташкил намудани корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва басту банди он барои содироти кафолатноки минбаъда ба Қазоқистон сухан гуфт.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






