Ҳайати намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия бо низоми бонкии Тоҷикистон шинос шуд

Май 6, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими вобаста ба низоми бонкӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат дар ҷараёни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия таҳти роҳбарии Президенти палатаи мазкур хонум Кристина Ти дар Душанбе баррасӣ шуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Малайзияро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, гуфт, ки зарфи даҳсолаи охир иқтисодиёти Тоҷикистон рушд намуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии он аз оғози сол ба таври мусбат ҷамъбаст гардид.

Президенти Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия Кристина Ти ва соҳибкорони ин давлат ба масъалаҳои амалӣ намудани имконияти сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, кушодани намояндагиҳои ташкилоти молиявӣ, рушди соҳаи суғурта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои худро баён карданд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон иброз дошт, ки омода аст дар самти ба роҳ мондани ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд саҳм гузорад.

Иброз дошта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ширкати сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва дар робита ба ин доираҳои тиҷоратии Малайзияро ҷиҳати баррасии имконияти иштирок дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон даъват намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 6, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд