Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносони Санкт-Петербург иштирок намуд

Май 15, 2023 13:48

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар ҳошияи Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон мулоқоти дуҷонибаи директори Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия Дмитрий  Аристов бо Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ  байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия дар самти истеҳсолоти иҷро» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор доир шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш диҳанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии ҳамешагии худро барои рушди ҳамкории судманд дар самти истеҳсолоти иҷро изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 11-13 май дар Санкт-Петербург Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон баргузор шуд, ки дар он ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Форуми мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Федератсияи Русия якҷо бо Фонди «Росконгресс» баргузор гардида, дар он ҷаласаи мубоҳисавӣ аз ҷониби Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурӣ дар мавзуи «Фаъолияти касбии ситонандагон» баргузор шуд, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи иҷрочиён вобастагӣ дошт.

Форум тайи солҳои охир ба макони махсус барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди институти истеҳсолоти иҷро ва иҷрои иҷборӣ табдил ёфта, мақсади асосии он таҷдид ва ҳамоҳангсозии низомҳои истеҳсолоти иҷрои давлатҳо мебошад.

Зимни баргузории Форум иштироккунандагон бо таҷрибаи татбиқи ҳуқуқи дигар давлатҳо шинос шуда, оид ба низоми гуногуни истеҳсолоти иҷро ва мақсаднокии ҷорӣ намудани чораҳои нави таъсиррасонӣ ба қарздор, инчунин таҳлил ва арзёбии самараноки механизмҳои дар ин соҳа амалигардида мубодилаи афкор намуданд.

Дар баробари ин бо иштироки муовини котиби Шӯрои амнияти миллии Федератсияи Русия  Дмитрий Медведев ҷаласаи пленарӣ дар мавзуи «Истиқлолият дар ҳуқуқ» доир гардид.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2023 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад