Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Алмато иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба истифодаи пурраи имконоти мавҷуда ва таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалб намуд.
Зимни муарифии имконият гидроэнергетикӣ Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки ҳадафҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба истифодаи пурраи манбаъҳои табиӣ ва зиёд кардани истеҳсоли энергияи “сабз” аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда равона гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки дар доираи таҳкими ҳамкорӣ мебояд таваҷҷуҳи ҳарчи бештар ба рушди соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, истифодаи тенологияи рақамӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити беҳтар барои равнақи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ равона шавад.
Ҳадаф аз баргузории Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкорӣ ва равнақи робитаҳо дар бахшу соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, истифодаи технологияи рақамӣ ва ноил шудан ҷиҳати гузариш ба иқтисоди “сабз” мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






