Ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Шветсия густариш меёбад

Май 26, 2023 17:54

ДУШАНБЕ, 26.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 май мулоқоти директори Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия Томас Данестад баргузор гардид, ки зимни он робитаи дуҷонибаи давлатҳо дар самти барқарор намудани ҳамкорӣ миёни марказҳои зеҳнии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар вохӯрӣ доир ба вазъи тағйирёбандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳон ибрози назар гардида, таҳким ва густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Шветсия дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо зарур ва муҳим шуморида шуд.

Ҳамзамон арзёбии вазъи минтақа ва ҷаҳон, густариши робитаи дуҷонибаи давлатҳо  мавзӯи меҳварии ин  мулоқотро ташкил дод. Мусоҳибон  дар бораи вазъи Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он ба минтақаву ҷаҳон табодули назар  намуданд.

Баён гардид, ки баъд аз тағйири қудрат дар Афғонистон вазъ дар сарҳади ҷанубии мамлакат боз ҳам ҳассостар шудааст, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз ҳам рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳолатҳои зиёди убури сарҳади Тоҷикистон аз ҷониби терррористони афғон ба қайд гирифта шуданд. Махсусан, таъкид гардид, ки Шоҳигарии Шветсия ҳамчун узви эътилоф дар ҳаводиси Афғонистон ҷонибдори сулҳу субот дар ин кишвар аст.

Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Шветсия барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон метавонад аз долонҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода барад.

АКС: Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2023 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд