Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти тандурустӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умур Аҷар вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши самтҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бахши дорусозӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ баён намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матуботи вазорат хабар доданд.
Гуфта шуд, ки пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаи тандурустӣ зиёд намуд. Имконияти Чумҳурии Туркия дар пайваст ба ҷанбаҳои муосири рақамикунонӣ ва ҳалли иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ниҳоят пешрафта мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Харитаи роҳро оид ба амалисозии банди алоқаманди Стратегияи миллии ҳифзи саломатӣ то соли 2030 тасдиқ намуд ва омӯхтани таҷрибаи Туркия дар ин самт ба манфиати кор аст.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бахши дорусозӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






