Ҳашт миллион нафар ҳамасола аз тамоку мефавтад
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол ҳашт миллион одам бинобар сабабҳои марбут ба тамоку мемирад. Дар баробари ин ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон маблағгузориро барои истеҳсоли тамоку идома медиҳанд. Дар ин хусус дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку, ки 31 май қайд мегардад, роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус изҳор дошт, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Новости ООН».
Вай аз мақомоти кишварҳо даъват кард, ки парвариши зироати солимеро дастгирӣ кунанд, ки ба миллионҳо одамон ғизо медиҳад.
Рӯзи ҷумъа СУТ гузоришеро бо номи «Маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол кунед, на тамоку» ба нашр расонид.
Тавре коршиносони СУТ ишора менамоянд, тамоку на танҳо ба истеъмолкунандагон зарар мерасонад. Равандҳои марбут ба истеҳсоли он боиси пайдоиши бемориҳо дар бадани худи деҳқонон, аз ҷумла бемории музмини шуш ва заҳролудшавӣ аз никотин (бо номи «бемории тамокуи сабз» низ маълум аст), дида мешавад. Зимнан дар саноати тамоку дар саросари ҷаҳон зиёда аз як миллион кӯдак кор мекунад.
То ба имрӯз истеҳсоли тамоку асосан барои Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ чун мушкилӣ ҳисобида мешуд. 55 фоизи ҳаҷми ҷаҳонии саноати тамоку ба Бразилия, Чин ва Ҳиндустон рост меояд.
Байни пешсафони парвариши зироати тамоку дар минтақаи аврупоии СУТ Юнон, Италия, Испания, Полша, Сербия ва Туркия қарор доранд.
СУТ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) ташаббусеро дастгирӣ мекунанд, ки ба 5 000 деҳқон дар Кения ва Замбия имкон медиҳад ба истеҳсоли маводи ғизоӣ гузаранд.
Ҳамасола 31 май СУТ ва шарикони он Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамокуро қайд намуда, таваҷҷуҳро ба мушкилоти марбут ба истеъмоли тамоку ва сиёсати босамар барои мубориза бо ин падида ҷалб мекунанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






