Ассамблеяи 76-уми умумиҷаҳонии тандурустӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе Ассамблеяи 76 — уми умумиҷаҳонии тандурустӣ оғоз ёфт. Иҷлосияи имсола ба мавзуи «Наҷоти ҳаёт ва таҳкими саломатӣ барои ҳама» бахшида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Вакилони иҷлосия нақши муҳимеро, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар ташкили вокуниши ҷаҳонӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ мебозад, муҳокима хоҳанд кард. Ассамблея инчунин фаъолияти соли гузашта, дастовард ва мушкилот, самтҳои афзалиятноки кори СУТ дар оянда: фарогирии умумии тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода, таҳкими саломатӣ ва некӯаҳволиро баррасӣ хоҳад кард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми видеоӣ дар маросими ифтитоҳи Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ ишора намуд, ки аз замони таъсиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 75 сол қабл саломатии инсонҳо ба таври назаррас беҳбудӣ ёфта, давомнокии умр дар ҷаҳон беш аз 50 дарсад афзудааст, фавти кӯдакон 60 фоиз кам шуда, бемории гулафшон барҳам дода шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






