Ба хоҷагиҳои тухмипарварии Бадахшон картошкаи тухмии гурӯҳи элита дастрас гардид

Май 2, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи «Кроне» ва «Галла» бо иловаи нуриҳои минералӣ ба хоҷагиҳои тухмипарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас  карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин иқдом дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва амалӣ намудани Стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» амалӣ гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» оид ба тарзи кишти картошкаи тухмӣ  ва истифодаи нуриҳои минералӣ, инчунин риояи агротехникаи парвариши он барои хоҷагиҳои тухмипарвар  маслиҳатҳои муфид  дода шуд.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин навъи картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи «Кроне» ва  «Галла» ҳангоми риояи қоидаҳои агротехникӣ дар аксар минтақаҳои картошкапарварии мамлакат ҳосили фаровон дода, сабади истеъмолии мардумро бо ғизои лазиз таъмин мекунад.

АКС: Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Май 2, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд