БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар иншооти ҷашнии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд

Май 31, 2023 19:29

СУҒД, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар  Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд.

Нахуст сохтмони Маркази диллерии «Тойота» ва Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тойота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мошини ширкати маъруфи «Тойота» ва қисмҳои эҳтиётии он мустақиман дар ин маркази савдо фурӯхта мешавад.

Аз ҷониби ҶДММ «Хонаи ман» бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, минбаъд асбобу техникаи маишии барои хона зарурӣ дар Маркази савдои фирмавии «Хонаи ман» бо нархҳои дастрас фурўхта мешаванд. Маркази савдо аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхона ва ошёнаи якум лавозимоти рӯзгор ва маишӣ фурӯхта мешавад, дар ошёнаи дуюм барои фароғату бозии кӯдакон- фарзандони харидорон «Олами бачагон» ба истифода дода мешавад.

Дар маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ «Папириус» сохтмони корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ идома дорад. Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонад, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рӯзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди баистифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.


Дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати ҶДММ «Сохтмони Кабир» корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ ҷараён дорад. Иқдоми бунёди чунин корхонаи саноатии воридотивазкунанда аз ҷониби соҳибкор Комил Турдибоев амалӣ шуда, ширкати мазкур ояндаи наздик тамоми иншооти бузурги бо конструксияҳои оҳанӣ сохташавандаро дар дохили мамлакат бо маҳсулот таъмин менамояд. Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии «Садаф», ки дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд» бунёд шуда истодааст, шинос шуданд.

Марказ аз ҷониби муассиси ҶДММ «Садаф» Наимҷон Тўраев сохта шуда, ба марказ мутахассисони баландихтисоси соҳа ҷалб карда мешавад.

Дар фарҷоми боздид Раиси вилояти Суғд ба масъулини корҳои сохтмонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳо бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи ватанӣ, инчунин батартибдарории ҳудуди иншооти ҷашнӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ дастурҳо дод.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Май 31, 2023 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст