БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Бо афсарону сарбозони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) намояндагони Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бохтар бо афсарону сарбозон суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ изҳор гардид, ки давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои мусаллаҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳоро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодаанд.
Баъд аз вохӯрӣ байни сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили дастхобонӣ, шоҳмоту шашка ва дигар чорабиниҳои варзишӣ ташкил карда шуда, фаъолон бо сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон чунин вохӯрӣ дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо афсарону сарбозон доир ва байни сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт-ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардан ба Ватанро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан- муҳофизати обу хоки муқаддаси гузаштагони соҳибноми мо мебошад.
Баъд аз мулоқот ба фаъолон ва сарбозону афсарон сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш супорида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






