БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон 18 май дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба нақши ҷавонон дар замони истиқлол ва саҳми ҷавонони Агентӣ дар пешбурди соҳа изҳори назар намуда, аз ҷумла, таъкид доштанл, ки таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат сиёсати давлатии ҷавонон таҳкиму тақвият ёбад ва ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи созанда дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
«Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардонидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барномаҳои мушаххас ба тавсиб расонид. Дар натиҷа доираи васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, омӯзиши касбу ҳунар ва илму маърифат фаро гирифта шуд»,-изҳор дошта шуд зимни ҳамоиш.
Тазаккур дода шуд, ки дар Агентии «Тоҷикстандарт» мақсад ва вазифаҳои дар пешгузоштаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуб дарк намуда, бо назардошти дар пешрафт ва тараққиёти мамлакат саҳм гузоштани ҷавонон онҳо аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ пайваста дастгирӣ меёбанд ва ба даврҳои бозомӯзӣ, конференсияҳо ва семинарҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ҷалб мегарданд.
Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон насли ояндасозро даъват карданд, ки ба хотири рушди Ватан ва пешрафту ташаккули он муташаккилона, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, дар ҷомеа ҳиссаи сазовор гузоранд.
Дар идома як зумра ҷавонони фаъоли Агентӣ бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Инчунин дар фарҷоми ҷамъомад бо мақсади тақвият додани тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ба ҳозирин оид ба муҳтаво ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тариқи рӯнамо маълумот дода шуд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






