БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ ва роҳпаймоии осоишта доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи тарбиявию фарҳангии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» доир гардид. Барнома бо баргузор намудани роҳпаймоии осоиштаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ шуруъ гардид. Ҳамзамон намоиши дастовардҳои илмию варзишӣ ва фарҳангии ячанд факултетҳо ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар барнома роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ҷавонон-донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовари донишгоҳ, муҳаққиқон, олимони ҷавон ва раисони ниҳодҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои солҳои охири ҷавонон-донишҷӯёни донишгоҳ сухан гуфта, саҳми ҷавононро дар рушди донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуд.
«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ дар тӯли фаъолияти худ ба ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллат дониш омӯхта,онҳоро барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ ҷалб намудааст. Шумо низ, ҷавонони азиз, бояд кору пайкори созандаи фарзандони баруманди миллати тоҷикро, ки ин боргоҳи илму маърифатро хатм намуда, имрӯз дар хидмати халқу диёр мебошанд, идома диҳед», -афзуд Қоблҷон Хушвахтзода.


Тазаккур дода шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушду такомул ва дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ фароҳам овард. Онҳо бо дастовардҳои худ дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда будани худро ба тадриҷ собит месозанд.
Сипас «Муроҷиатномаи ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз ҷониби донишҷӯи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ шунида шуд.
Дар идомаи ҳамоиш ба зумрае аз устодону кормандон-ҷавонони донишгоҳ Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






