Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд. Далели ин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санади мазкур дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шудааст.
Ёддошти тафоҳумро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Сулейманова ба имзо расониданд.
Санади мазкур масъалаҳои такмили танзим ва назорати давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубодилаи таҷриба дар самти ҳалли мушкилоти экологӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мубодилаи дониш ва малакаҳои экологӣ барои татбиқи воситаҳои байналмилалии экологӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устуворро дар бар мегирад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






