Байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Май 5, 2023 09:18

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 май ҷиҳати густариши ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародарӣ байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва​ ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии​ Қазоқистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон  аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва  ҳокими​ ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистони Қазоқистон Бакит Асанов имзо карда шуд

Ҳар ду ҷониб зимни имзои санади ҳамкорӣ вобаста ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар вилояти Туркистон беш аз 50 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад, ки бо​ вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Туркистон муносиботи нек доранд. Тибқи ин ёддошт, ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, дар соҳаҳои саноат, иқтисоду​ савдо ва кишоварзӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 5, 2023 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд