Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Бошқирдистон 4 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу курортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддоштҳои мазкур дар доираи вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон – вазири рушди иқтисод Рустам Муратов, вазири соҳибкорӣ ва сайёҳӣ Рустам Афзалов, вазири робитаҳои хориҷии иқтисодӣ ва фаъолияти конгрессӣ Маргарита Баличева ва роҳбарону кормандони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Уфа ба имзо расиданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ- муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, тавсеаи ҳамкории мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Русия ба Тоҷикистон буда, аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон рӯнамо оид ба имконияти сайёҳии мамлакат ба намояндагони соҳаи сайёҳии ин минтақа манзур карда шуд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина даъват карда шуд, ки ҳамкорӣ тақвият дода шавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






