Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Бошқирдистон 4 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 22, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия  байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу курортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддоштҳои мазкур дар доираи вохӯрии Раиси  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод ва  намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон – вазири рушди иқтисод Рустам Муратов, вазири соҳибкорӣ ва сайёҳӣ  Рустам Афзалов, вазири робитаҳои хориҷии иқтисодӣ ва фаъолияти конгрессӣ Маргарита Баличева ва роҳбарону кормандони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Уфа ба имзо расиданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ- муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, тавсеаи ҳамкории мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Русия ба Тоҷикистон буда,  аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон рӯнамо оид ба имконияти сайёҳии мамлакат ба намояндагони соҳаи сайёҳии ин минтақа манзур карда шуд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон  тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина даъват карда шуд, ки ҳамкорӣ тақвият дода шавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Май 22, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст