Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ ба маблағи 100 миллион доллар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ ба маблағи 100 миллион доллари ИМА созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаи мазкур 12 май дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол ба имзо расонида шуд.
Дар вохӯрӣ Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии ҷумҳуриро муаррифӣ намуда, аз Роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намоянд.
Дар навбати худ Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда баён намуд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн доллар амалӣ мегардад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






