Бар асари обхезӣ дар Сомали 219 ҳазор нафар манзилашро тарк намуд

Май 18, 2023 17:58

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сомали аз сабаби обхезиҳое, ки пас аз боронҳои шадид ба амал омад, 219 ҳазор нафар сокини шаҳри Беледуэйне ва минтақаҳои наздики он манзилашро тарк кард. Дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Анадолу» иттилоъ медиҳад.

Тавре дар Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона иттилоъ доданд, обхезиҳо дар минтақаҳои марказии Сомали ба ҳаёти 460 ҳазор нафар таъсири манфӣ расонидааст.

Иншооти инфрасохторӣ, аз ҷумла  беморхонаҳо ва биноҳои муассисаҳои ҳукуматӣ зери об мондааст.

Дар ҳамин ҳол, Агентӣ оид ба бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиии Сомали дар бораи дар минтақаи офати табиӣ ҳалок шудани панҷ нафар, аз ҷумла се кӯдак хабар додааст.

Дар Эфиопияи ҳамсоя бинобар обхезӣ бар асари бориши шадид, ки аз 12 май идома дорад, 45 нафар ба ҳалокат расидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 18, 2023 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад