Бар асари сӯхтор дар Испания 500 нафар ба ҷойи бехавф кӯчонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 500 нафар бар асари сӯхтори ҷангал, ки то кунун 8500 гектар заминро дар минтақаи Экстремадура дар ҷанубу ғарби Испания фаро гирифтааст, аз хона кӯчонида шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи шанбе манбаъҳои мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд.
Дар айни замон 250 қисми оташнишинонии минтақавӣ ва 165 тан аз аъзои воҳиди вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи неруҳои мусаллаҳи Испания бо кумаки 10 булдозер, 6 ҳавопаймо, ҳашт чархбол ва 23 мошин бо оташ мубориза бурда истодаанд.
Сӯхтор шоми чоршанбе дар минтақаи Лас-Урдес дар Экстремадура ба амал омад. Моҳи июли соли 2022 дар ин ҷо сӯхтори ҷангал дар натиҷаи шамоли сахт ва хушксолӣ аз назорат берун шуда, 5000 гектарро хароб кард.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






