Бар асари тарма дар шимоли Покистон 10 нафар ҳалок ва 10 тани дигар маҷруҳ шуд

Май 29, 2023 10:02

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаромадани тарма ба корвони кӯчманчиён, ки рӯзи шанбе дар минтақаи Гилгит — Балтистони шимоли Покистон ба амал омад, даҳ нафар ҳалок ва даҳ тани дигар захмӣ шуд. Ин иттилоъро котиби асосии минтақа Моҳюддин Аҳмад Ванӣ тасдиқ кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи М.А. Ванӣ, дар зери хароба тақрибан даҳҳо нафар қарор доранд, гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон сарфи назар аз ҳавои бад ва сифати пасти инфрасохтори роҳ дар ноҳияи дурдасти минтақаи Астор, ки дар он ҷо ҳодиса рух додааст, кӯшиш мекунанд онҳоро пайдо кунанд.

Тавре ки мансабдор ишора кард, кӯчманчиён ҳамроҳ бо чорвои худ ба Астор аз қисми зери назорати Покистонбудаи Кашмир барои ҷустуҷӯи чарогоҳ омада будаанд.

М. А. Ванӣ илова намуд, ки ҳар сол аз моҳи май то июн ҳазорҳо кӯчманчиён аз ҷойҳои гуногун ба Астор меоянд, зеро ҳаво дар ин ҷо мусоид буда, метавонед ҳам барои чорво хӯроки кофӣ пайдо кунед ва ҳам пеш аз мавсими барф дар моҳи октябр баргардед.

Мувофиқи гуфтаи М. А. Ванӣ, ҷабрдидагон, аз ҷумла занону кӯдакон ба бемористони ҳамсоя интиқол дода шуданд, ки ҳолати бархе аз онҳо вазнин мебошад.

Мансабдор афзуд, ки бориши боронҳои шадиди се рӯзи охир дар ин минтақа сабаби фаромадани тарма гардидааст.

Сарвазири минтақаи Гилгит — Балтистон Халид Хуршедхон дар изҳороти худ бинобар фоҷиа изҳори андӯҳ намуда, ба гурӯҳҳо дастур дод, ки амалиёти наҷотро суръат бахшанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 29, 2023 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад