«БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ ИДМ-2023». Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудо Шарифзода дар озмуни «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» ғолиб омада, бо Дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур иттилоъ доданд.
Ин озмун бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки магистранти мазкур зери роҳбарии ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода чанде қабл ғолиби озмуни «Беҳтарин мақолаи илмии ИДМ-2023», ки дар Ҷумҳурии Узбекистон доир шуда буд, дониста шуд ва бо Дипломи дараҷаи аввал ва медал қадрдонӣ гардид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






