«БЕМОРИИ СИЛ ВА ВНМО». Дар самти мубориза бо ин бемориҳо дар Душанбе ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Бемории сил ва ВНМО» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятие, ки дар самти мубориза бо бемории силу ВНМО фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки мубориза бо бемории силу ВНМО ва дастгирии шахсони аз ин беморӣ осебдида зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Иштирокчиён вобаста ба татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» сухан гуфта, аз бурду бохти соҳа давоми солҳои татбиқи барнома ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки хурдтарин таваҷҷуҳ ба ин беморӣ муҳим буда, нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон дар роҳандозии муборизаҳои зиддисилӣ ва самаранокии он муҳим аст. Инчунин тазаккур дода шуд, ки ин нахустин баррасии бемориҳои сил ва ВНМО дар Парлумон набуда, соли 2017 низ бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» бемориҳои сил ва ВНМО дар Парлумон баррасӣ гардида буд.
Дар анҷоми ҳамоиш байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






