Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара ба рушди моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, соли 2022 истеҳсоли гўшти моҳӣ 40 тоннаро ташкил дод. Дар се моҳи аввали соли 2023 бошад дар ноҳия 7,5 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол шудааст. 26 хоҷагии моҳипарвари ноҳия айни замон дар 30 гектар замин дар ин самт фаъолияти босамар доранд. Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» аз ҷумлаи ин хоҷагиҳои моҳипарварист, ки дар он бори аввал дар Тоҷикистон парвариши моҳии навъи «бестер» ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.
Ёдовар мешавем, ки Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» 26 апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд. Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат ба ҳавзҳо 55 ҳазор моҳича сар доданд.
Роҳбарияти хоҷагии мазкур мақсад гузоштаанд, ки аз ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот мусоидат намуда, содироти онро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳамчунин онҳо ҳадаф доранд, ки дар оянда ба парвариши беш аз 100 ҳазор моҳӣ машғул шаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев оғоз гардида, айни замон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои парваришёбандаи моҳӣ ва ба ин васила зиёд кардани истеҳсоли он 5 ҳавз таъсис дода шудааст.
Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешавад. Дар марҳилаи аввал парвариши 55 ҳазор моҳӣ, аз ҷумла навъҳои моҳии сазан, пешонағафси сафед ва амури сафед ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда намуд ва миқдори моҳиро зиёд намоянд.
Мавриди ёдоварист, ки дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти моҳӣ ду баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Агентии омори мамлакат, дар семоҳаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 32 млн сомонӣ гўшти моҳӣ истеҳсол гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад






