Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд

Май 30, 2023 15:09

ДУШАНБЕ, 30.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара ба рушди моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, соли 2022 истеҳсоли гўшти моҳӣ 40 тоннаро ташкил дод. Дар се моҳи аввали соли 2023 бошад дар ноҳия 7,5 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол шудааст. 26 хоҷагии моҳипарвари ноҳия айни замон дар 30 гектар замин дар ин самт фаъолияти босамар доранд. Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» аз ҷумлаи ин хоҷагиҳои моҳипарварист, ки дар он бори аввал дар Тоҷикистон парвариши моҳии навъи «бестер» ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.

Ёдовар мешавем, ки Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» 26 апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд. Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат ба ҳавзҳо 55 ҳазор моҳича сар доданд.

Роҳбарияти хоҷагии мазкур мақсад гузоштаанд, ки аз ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот мусоидат намуда, содироти онро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳамчунин онҳо ҳадаф доранд, ки дар оянда ба парвариши беш аз 100 ҳазор моҳӣ машғул шаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев оғоз гардида, айни замон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои парваришёбандаи моҳӣ ва ба ин васила зиёд кардани истеҳсоли он 5 ҳавз таъсис дода шудааст.

Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешавад. Дар марҳилаи аввал парвариши 55 ҳазор моҳӣ, аз ҷумла навъҳои моҳии сазан, пешонағафси сафед ва амури сафед ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда намуд ва миқдори моҳиро зиёд намоянд.

Мавриди ёдоварист, ки дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти моҳӣ ду баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Агентии омори мамлакат, дар семоҳаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 32 млн сомонӣ гўшти моҳӣ истеҳсол гардидааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 30, 2023 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид