Дар 10 соли охир дар ҷаҳон 152 миллион кӯдак бармаҳал таваллуд шудааст

Май 14, 2023 17:32

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2020  13,4 миллион кӯдак бармаҳал таваллуд шуда, тақрибан як миллион нафари онҳо бар асари мушкилиҳо фавтидаанд. Чунин маълумот дар гузорише оварда шудааст, ки муассисаҳои СММ ва шарикони созмон нашр кардаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба «Новости ООН» хабар додааст.

Маърузаи «Бармаҳал таваллуд шудан: даҳсолаи амал» аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар якҷоягӣ бо Шарикӣ оид ба ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон (PMNCH) – бузургтарин паймони ҳифзи занон, кӯдакон ва наврасон дар ҷаҳон таҳия шудааст. Муаллифони гузориш доир ба ҳолати фавқулодаи марбут ба таваллуди бармаҳал ҳушдор медиҳанд, ки миқёс ва вазнинии он ба назари эътибор гирифта намешавад ва ба пешрафт дар беҳбуди саломатӣ ва зинда мондани кӯдакон халал мерасонад.

Ҳисобот маълумоти навшудаи СУТ ва ЮНИСЕФ — ро дар якҷоягӣ бо мактаби беҳдошт ва тибби тропикии Лондон дар бораи паҳншавии таваллуди бармаҳал дар ҷаҳон дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, мувофиқи гузориш, нишондиҳандаҳои таваллуди бармаҳал дар даҳсолаи охир дар ягон минтақаи сайёра тағйир наёфтааст. Дар давраи солҳои 2010-2020 152 миллион кӯдак хеле барвақт таваллуд шудааст.

Таваллуди пеш аз муҳлат — сабаби асосии марги кӯдакон мебошад, ки аз панҷ ҳодисаи марги кӯдакон як ададаш то синни панҷсолагӣ ба он рост меояд.   Кӯдаконе, ки норасид таваллуд шудаанд, метавонанд дар тӯли ҳаёти минбаъдаи худ ба оқибатҳои бениҳоят манфии саломатӣ- эҳтимоли маъюбӣ ва ақибмонии рушд дучор оянд.

Сатҳи баландтарини таваллуди бармаҳал дар Осиёи Ҷанубӣ ва Африқо дар самти ҷанубтар аз Сахара мебошад. Кӯдакони норасид дар ин минтақаҳо хатари бештари фавт доранд. Беш аз 65% таваллуди бармаҳал дар саросари ҷаҳон ба ин ду минтақа рост меояд.

Дар пасманзари Конфронси байналмилалӣ оид ба амнияти солимии модарон ва навзодон, ки дар Кейптауни Африқои Ҷанубӣ аз 8 то 11 май баргузор гардид, муаллифони гузориш даъват карданд, ки захираҳои байналмилалӣ ва дохилӣ ба манфиати саломатии модарону навзодон ва таъмини нигоҳубини босифати онҳо ҷалб карда шаванд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои бо

Май 14, 2023 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа