Дар Афғонистон 2,3 миллион кӯдак метавонад бо норасоии ғизо рӯ ба рӯ шавад
ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 90% аҳолии Афғонистон, аз ҷумла кӯдакон дар остонаи камбизоатӣ қарор доранд. Дар ин хусус намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Фран Экиса дар брифинги матбуотӣ дар Ню — Йорк хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс».
Мувофиқи гуфтаи ӯ, соли 2023 2,3 миллион кӯдак метавонад бо камғизоӣ рӯбарӯ шавад, ки зимнан 175 ҳазор нафари он ба табобати ҳолате, ки бо норасоии ғизо алоқаманд аст, ниёз дорад.
Экиса илова кард, ки барои татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаи ЮНИСЕФ оид ба дастгирии кӯдакони Афғонистон ҳоло танҳо 22% маблағи дархостшуда ҷудо карда шудааст.
«Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки муттаҳид шуда, ба мо дар сабук кардани ранҷу азоби кӯдакон, занон ва оилаҳо дар Афғонистон кумак кунанд», — баён дошт ӯ.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






