Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 8 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуд

Май 28, 2023 14:44

ТУРСУНЗОДА, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиëзода, роҳбарияти шаҳр  ва дигар сохторҳои дахлдор  8 километр роҳи мошингарди  Ҷамоати деҳоти 10- солагии Истиқлолият  баъди тиҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, аз он сокинони деҳаҳои Исмоили Сомонӣ, Шарқиëн ва Файзбахш истифода менамоянд. Таъмири роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум дар заминаи ба вуҷуд овардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиëт мебошад. Қаблан сокинони ин гӯшаи дурдасти шаҳри Турсунзода аз сабаби набудани чунин роҳ азият мекашиданд ва акнун ин мушкилӣ аз байн рафт.

Зимни иҷрои корҳо ба сифати масолеҳ аҳамияти хосса зоҳир гардида, талаботи соҳа пурра ба инобат гирифта шудааст. Роҳ асосан тавассути деҳаҳо мегузарад ва барои таъмини бехатарии сокинон аломатҳои танзимкунанда насб намуда шудаанд. Ин амали созандагӣ, яъне асфалтпӯшнамоии роҳи деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шуд.

Дар шаҳри Турсунзода ба таъмиру таҷдид ва навсозии роҳу пулҳо низ диққати махсус зоҳир мегардад. Танҳо соли равон 11 километр роҳ аз таъмири асосӣ ва 13 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар ҳамин замина роҳи мошингарди деҳаи Чуқуркат, ки 2 километр мебошад, аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифодаи мардум қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 28, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд