Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 8 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиëзода, роҳбарияти шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор 8 километр роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти 10- солагии Истиқлолият баъди тиҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, аз он сокинони деҳаҳои Исмоили Сомонӣ, Шарқиëн ва Файзбахш истифода менамоянд. Таъмири роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум дар заминаи ба вуҷуд овардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиëт мебошад. Қаблан сокинони ин гӯшаи дурдасти шаҳри Турсунзода аз сабаби набудани чунин роҳ азият мекашиданд ва акнун ин мушкилӣ аз байн рафт.
Зимни иҷрои корҳо ба сифати масолеҳ аҳамияти хосса зоҳир гардида, талаботи соҳа пурра ба инобат гирифта шудааст. Роҳ асосан тавассути деҳаҳо мегузарад ва барои таъмини бехатарии сокинон аломатҳои танзимкунанда насб намуда шудаанд. Ин амали созандагӣ, яъне асфалтпӯшнамоии роҳи деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шуд.
Дар шаҳри Турсунзода ба таъмиру таҷдид ва навсозии роҳу пулҳо низ диққати махсус зоҳир мегардад. Танҳо соли равон 11 километр роҳ аз таъмири асосӣ ва 13 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар ҳамин замина роҳи мошингарди деҳаи Чуқуркат, ки 2 километр мебошад, аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифодаи мардум қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»






