Дар Бохтар занону духтарон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок карданд
БОХТАР, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид. Дар сабқати мазкур иштироки фаъолонаи занону духтарон ба назар мерасид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барои саҳмгузорӣ дар оммавияти варзиш диплому сипоснома супориданд.
Зимни ифтитоҳи ин маъракаи варзишӣ иброз гардид, ки имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) барномаҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ доир мешаванд. Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнӣ аст, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Президенти Тоҷикистон самти варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол дар вилояти Хатлон дар ҳоли рушд қарор дорад.
Дар айни ҳол дар вилоят 11 маҷмааи варзишӣ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ ва 37 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки аз ҷониби аҳолӣ мақсаднок истифода бурда мешавад.
Тибқи маълумот, теъдоди варзишгарон дар муассисаҳои варзишии вилоят 17 ҳазору 106 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 2438 нафараш зан аст.
Давоми чор моҳи сипаришудаи соли равон варзишгарони вилоят дар беш аз 30 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 129 медали тилло, 157 медали нуқра, 153 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 439 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 адад зиёд мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон













Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






