Дар Бохтар занону духтарон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок карданд

Май 22, 2023 13:28

БОХТАР,  22.05.2023   /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид. Дар  сабқати мазкур иштироки фаъолонаи  занону духтарон ба назар мерасид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барои саҳмгузорӣ дар оммавияти варзиш диплому сипоснома  супориданд.

Зимни ифтитоҳи ин маъракаи варзишӣ  иброз гардид, ки имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) барномаҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ доир мешаванд. Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнӣ аст, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Президенти Тоҷикистон самти варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол дар вилояти Хатлон дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар айни ҳол дар вилоят 11 маҷмааи варзишӣ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ ва 37 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки аз ҷониби аҳолӣ мақсаднок истифода бурда мешавад.

Тибқи маълумот, теъдоди варзишгарон дар муассисаҳои варзишии вилоят 17 ҳазору 106 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 2438 нафараш зан аст.

Давоми чор моҳи сипаришудаи соли равон варзишгарони вилоят дар беш аз 30 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 129 медали тилло, 157 медали нуқра, 153 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 439 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 адад зиёд мебошад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 22, 2023 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд