Дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода мешавад

Май 11, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Интизор меравад, ки  дар оянда дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода шавад. Ин матлаб дар Душанбе зимни вохӯрии намояндагони Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон  ва Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ  байни ин ду ниҳод баррасӣ шуд, баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вохӯрии мазкур дар доираи муаррифии Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм доир шуда, мусоҳибон Консепсияи бахши бехатарии молиявӣ, вазифаю самтҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин тартиби муайян кардани таҳдидҳои фавқулмиллиро дар асоси ин  Консепсия муҳокима намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ истифодаи амалии фаъолияти Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо, вазифаҳои асосии он, захираҳо ва усули таҳлил дар заминаи захираҳои маркази мазкур нишон дода шуд. Тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо дар айни замон дар ҳолати ниҳоӣ қарор дошта, лоиҳаи созишномаи он аз расмиёти дохилидавлатӣ  гузашта истодааст.

Баъди аз расмиёт гузаштани ин санад дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳо таъсис дода мешавад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 11, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд