Дар Хатлон 721 ҷавон дар мақоми роҳбарӣ фаъолияти босамар дорад
ДУШАНБЕ, 23.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни ҳол дар вилояти Хатлон шумораи ҷавонон 1 миллиону 39 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад, ки 509 ҳазору 994 нафари он духтарон мебошанд. Ҷавонони машғули таҳсил дар вилоят 338 ҳазору 636 нафарро ташкил медиҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҷалби ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои муассир андешида, феълан 721 ҷавони муваффақи хатлонӣ дар мақоми роҳбарӣ фаъолияти босамар доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, чанд соли охир дар вилоят шумораи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби ҷавонон 159 нафар зиёд гардида, дар айни замон теъдоди вакилони ҷавон ба 822 нафар расидааст.
Иброз гардид, ки садҳо ҳазор ҷавонони вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд ва дар раванди ободонию муҳофизати марзу буми Ватан ва пешрафти давлат саҳми шоиста мегузоранд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандон, суханвару ҳунарманд, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа чанд сол аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи довталабони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» -оинаи таърихи миллат» беш аз 1 миллиону 434 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 806 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки давоми чор моҳи соли равон варзишгарони вилоят дар беш аз 30 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои намоён ноил шуданд.
Дар вилоят ба самти варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар айни ҳол дар вилоят 11 маҷмааи варзишӣ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ ва 37 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад. Теъдоди варзишгарон дар муассисаҳои варзишии вилоят 17 ҳазору 106 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 2438 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






