Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 ва дар марафони велосипедронӣ 1560 нафар иштирок намуд

Май 22, 2023 08:30

ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир карда шуд. Дар Дави миллӣ 53 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ 1560 кас иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён то «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт байни ҳам сабқат намуданд.

Дар ин маъракаи варзишӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо фаъолона иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Мусобиқаи навбатӣ 16 — умин Дави миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин маъракаи варзишӣ манзур мегардад:

 

 

 

Май 22, 2023 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад