Дар деҳаи Заркамари шаҳри Турсунзода аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» кӯдакистон сохта мешавад

Май 11, 2023 17:38

ТУРСУНЗОДА, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май аз ҷониби роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови  шаҳри Турсунзода барои 300 кӯдак сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ оғоз гардид.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Кӯдакистони мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 3 октябри соли 2022 зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода барои бунёди муассисаи томактабии замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов дода буданд, сохта мешавад.

Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ, муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, мувофиқи талаботи меъмории муосир бунёд мегардад. Дар дохили он ошхона, толори фарҳангӣ, утоқҳои алоҳидаи таълиму тарбия ва дар саҳни он майдончаи варзишӣ бунёд карда мешавад.

Ёдавар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2023 дар шаҳри Турсунзода дар заминаи 29 муассисаи таълимӣ 270 синфхонаи иловагӣ барои 6440 хонанда ва 6 кӯдакистон барои 594 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

  АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 11, 2023 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад