Дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон наздик ба 40 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 2,6 миллиард доллар ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.
Дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва доираи соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, дар маҷмуъ зиёда аз 200 соҳибкор ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолият байни ду давлат иштирок намуданд.
Форуми соҳибкорӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Жумангарин Серик оғоз гардид.
Дар идомаи кори форум Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода имконияту шароити сармоягузорӣ ва ҳамкориро байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, содирот, бунёди марказҳои логистикӣ ва марказҳои тақсимоти яклӯхт муаррифӣ намуданд.
Зимни форум ҷонибҳо барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ҷониби Қазоқистон ба мувофиқа расида, шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расониданд, ки боварию эътимоди воқеии доираи соҳибкорӣ ва ширкатҳои тиҷоратии Қазоқистонро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон собит менамояд. Тибқи мувофиқа, ҷонибҳо ҳамчунин дар соҳаҳи саноати кӯҳию металлургӣ низ шартномаҳои дарозмуддат имзо намуда, мубодилаи молии маҳсулот анҷом медиҳанд.
Ҳадафи баргузории форуми мазкур — пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду давлат маҳсуб мешавад.
Дар доираи форум ба иштирокчиён фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, содирот, логистикаю фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардида, аз натиҷаи вохӯриҳо наздик ба 40 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 2,6 млрд. доллар дар самти бунёди корхонаҳои муштарак, кооператсияи истеҳсолӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расонида шуд.
Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории он баррасии вазъ ва дарёфти роҳу усулҳои наву самарабахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байнидавлатӣ буд.
Дар кори Шӯро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод, Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷурахонзода суханронӣ карда, доир ба афзалиятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва содироту логистика таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст. Имрӯз Қазоқистон дар байни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз рӯи табодули мол дар ҷои дуюм қарор дорад.
Дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон имконият ва шароити мусоид барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ фароҳам буда, гардиши молу маҳсулот байни ду давлат дар як соли охир 263 миллион доллари америкоӣ ё бештар аз 20 фоиз афзуда, қариб 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.
АКС: АМИТ «Ховар»

































Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд






