Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ба Вазорати адлия 4 микроавтобус супорида шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қасри бахт»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Иттиҳоди Аврупо маросими расмии супоридани таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои нақлиёт ба Вазорати адлия баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷониби шарикони рушд 178 компютери моноблок, 174 сканер, 174 принтер, 174 манбаи қувваи барқ (UPS), 58 принтери бисёрвазифавӣ ва 4 микроавтобуси тамғаи «Toyota Hiace» ба маблағи умумии 721 146 доллари ИМА супорида шуд.
Бояд гуфт, ки аз моҳи майи соли 2016 Вазорати адлия якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва маблағгузории Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»-ро татбиқ карда истодааст, ки дар айни замон марҳилаи дуюми он амалӣ шуда истодааст.
Аз ибтидои соли 2023 лоиҳаи «Такмили дастрасӣ ба хизматрасонии давлатӣ тариқи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз шуд, ки то соли 2026 идома хоҳад ёфт.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур- ин ноил шудан ба ҳадафи 16.9 Ҳадафҳои рушди устувор — мусоидат ба ҳифзи беҳтаргардонии ҳуқуқҳои мардон, занон ва кӯдакон (аз ҷумла, ҳуқуқҳои гражданӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ) тавассути таҳкими низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва васеъгардонии дастрасии ҷомеа ба хизматрасониҳое, ки аз ҷониби низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод карда мешаванд, мебошад.
Барои расидан ба ин ҳадаф чорабиниҳои такмили қонунгузории соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ташкили махзани ягонаи марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, рақамикунонии тамоми ҳуҷҷатҳои сабт, ки тибқи қонунгузорӣ бояд ба муҳлати 75 сол дар бойгонӣ нигоҳ дошта шаванд, инчунин баланд бардоштани иқтидори низоми сабти асноди шаҳрвандӣ ва дастгирии техникӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






