Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум байни АМИТ «Ховар» ва ҶСҒ «Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид

Май 4, 2023 13:52

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМИТ «Ховар») ва Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии «Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид.

Санади мазкурро Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва Директори генералии ҶСҒ «Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» Раушан Кажибаева имзо намуданд.

Ёддошти тафоҳум бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот ба тасвиб расид.

Дар асоси ин санад ҷонибҳо роҷеъ ба  рӯйдодҳои муҳими  ҳаёти дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳамдигар мавод пешниҳод намуда, ба хотири баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишӣ ба роҳ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби вазорату идораҳо 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2023 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд